Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шарҳ. Бузургтарин дурӯяи ҷаҳон


Бабр маконҳои дӯстдоштаи худро иваз намекунад. Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод низ.

Вай аз нав сари фурсат ба Маҷмаи умумии Созмони Милал рафт, то паёми солонаи худро диҳад.

Пас аз ҳафтумин суханронияш дар ин толор дар ҳафтаи гузашта, ки монанди ҳамаи паёмҳои гузаштааш пур аз эҳсосоте буд, ки эрониён танҳо дар хоби худ мебинанд, Аҳмадинажод аз сафари Ню Йорк ба Теҳрон баргашт. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ҳангоми маърӯзаи Аҳмадинажод дар ин минбар дар бораи ахлоқи раҳбарӣ аз дили эрониён чӣ фикрҳое мегузашт.

Марде сари минбар баромад, ки дар ватанаш як чеҳраи нотавон ва даступобаста аст, аммо ба гунае аз ин саҳна монанди минбарҳои масҷид истифода кард, ки паёми ӯ монанди маъвизаҳои намози ҷумъа садо дод.

Монанди муллое, ки масъулияти намозгузоронро дар назди Оллоҳ ёдрас мешавад ва рафтори муносиби мазҳабӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро тавсия медиҳад, Аҳмадинажод ба зарурати “имон ба Худо”, “ғамхорӣ”, “инсоф”, “номус” ва “озодӣ” таъкид намуд. Вай сарони ҷаҳонро ба “ростие дар ҳарду -- сухан ва амал” ва “радди табъиз” даъват кард.

Ин суханонро раҳбари ҳукумате мегуфт, ки шаҳрвандони бешумори худро барои ақидаашон кушт ё зиндонӣ кард.

Аҳмадинажод Ғарбро ба дурӯягӣ айбдор кард ва Иёлоти Муттаҳидаро бо номгӯи тӯлонии бадиҳо шадидан танқид кард – аз ғуломдорӣ то мустамликадорӣ, ширкат дар ду ҷанги ҷаҳонӣ, истифодаи силоҳи ҳастаӣ ва мудохилаи ҳарбӣ дар Ветнаму Корея.

Вай аз нав сиҳати Ҳолокостро зери суол бурд ва гуфт, нерӯҳои “мармузе” ҳамлаҳои террористии 9/11-ро созмон додаанд. Бо як забони пайғамбарона вай дар поёни сухан ваъдаи муждаи неки ҷаҳонӣ ва ояндаи зебоеро дод, ки бо сарварии Имоми Маҳдии ғоиб дар якҷоягӣ бо Исои Масеҳ ба вуҷуд хоҳад омад.

Вақте ӯ ба озодӣ, ҳамдардӣ ва адл даъват мекард, бисёре аз эрониҳо ин суолро мекарданд, ки чаро ӯ айни чизҳоро барои мардуми худ намехоҳад. Дар саҳнаи Созмони Милал Аҳмадинажод ҷомеаро тасвир кард, ки аз зарбулат, шиканҷа, таъқиб, эъдом ва ҳабс дар ватани худаш ба куллӣ дур аст.

Дар шаш соли ҳокимияти ӯ, зиндагӣ дар Эрон барои мардуме, ки ҳатто ба камтарин озодии сиёсӣ умед доштанд, ба дӯзах бадал гашт. Тазоҳуроти осоиштае, ки пас аз “бозинтихоб”-и ӯ дар соли 2009 ба вуқӯъ пайваст, оғози посухи бераҳмонаи давлат буд, ки ҳатто то ҳоло идома дорад.

Садҳо нафар аз фаъолони эронӣ, ки дар тазоҳуроти сулҳомез ширкат карданд, танҳо барои ақидаи фарқкунандаи хеш ба ҳабси хонагӣ гирифтор ё ба зиндон афканда шуданд, аз ҷумла ду рақиби Аҳмадинажод – Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ. Онҳо, бешак, мехоҳанд, каме аз он адолатеро, ки Аҳмадинажод бо шӯру шааф дар борааш аз минбари Созмони Милал мегӯяд, бичашанд.

Мусулмонони суннӣ дар Эрон, ки наметавонанд, фароизи маҳзабии худро озодона ба ҷо оранд, низ, эҳтимолан, мехоҳанд, он озодиеро бинанд, ки вай талаб дорад, сарони ҷаҳон ба мардумони худ бидиҳанд. Ақаллиятҳои динӣ ва миллӣ дар сартосари Эрон чизе зиёдтар аз таҳаммулпазирӣ ва қатъи табъизеро намехоҳанд, ки ӯ таблиғ мекунад.

Эрониҳои мансуб ба ҳама қавму мазҳаб мехоҳанд, Аҳмадинажод фасоди фарогирро, ки зиддаш шиор мезанад, аввал дар режими худаш решакан кунад. Ва чун ӯ аз тақсими нобаробари сарвату зудудани фақру нодрӣ мегӯяд, миллионҳо нафар аз эрониҳо, ки дар фақр ба сар мебаранд, низ ҳаминро мехоҳанд.

Ва ҳангоме ки ӯ аз “идораи муштаракона ва якҷояи ҷаҳон” мегӯяд, эрониҳо бояд дар ҳайрат биафтанд, ки магар онҳо низ дар ин идора ширкат хоҳанд дошт? Дар Эрон зери қонуни вилояти фақеҳ ҳукумати раҳбари олӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳамчун Имоми мусулмонон, зери суол рафта наметавонад. Касе чунин суол кунад, мустақиман ба ҳабси тӯлонӣ ё эъдом фиристода хоҳад шуд.

Аммо ибораҳои шукуфоне, ки дар фазои Созмони Милал садо доданд, мебоист, ҳар дафъа бо иловаи “ба ҷуз аз Эрон” ва "ба истиснои Эрон" поён меёфтанд. Зеро амалан, вақте ки Аҳмадинажод дар бораи дурӯягӣ мегуфт, худашро дар назар дошт.

Ҳусейни Ориён, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодист. Назаре, ки ӯ дар ин шаҳр изҳор доштааст, ҳатмӣ нест, ки назари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бошад.
XS
SM
MD
LG