Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Тимошенкоро имрӯз аз сар гирифтанд


 Иқдоми пулис алайҳи таҷаммӯъи тарафдорони Тимошенко дар назди додгоҳ
Иқдоми пулис алайҳи таҷаммӯъи тарафдорони Тимошенко дар назди додгоҳ
Додгоҳи сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко имрӯз баъди ду моҳи таваққуф аз сар гирифта шуд. Мурофиаи Тимошенко бо иттиҳоми сӯъиистифода аз мақом ҳангоми имзои қарордоди ду сол пеши газ бо Русия аз моҳи июл идома дорад. Тафтишот мегӯяд, дар натиҷа Киев газро аз Маскав бо нархи баландтар мехарад.
Худи Тимошенко инро радд карда мегӯяд, ба маҳзи дидгоҳи сиёсиаш таҳти таъқиб қарор гирифтааст. ИА ва Амрико мақомоти Украинаро алайҳи таъқиботи сиёсӣ ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG