Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз бар асари бурузи хушунатҳо дар як гузаргоҳи баҳсӣ дар марзи Сербистону Косово 4 тан аз нирӯҳои ҳомии сулҳи НАТО ва 6 эътирозгари серб захмӣ шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, нирӯҳои НАТО барои пароканда кардани издиҳоме, ки алайҳи барчидани баррикадаҳо дар гузаргоҳи Йерние раҳпаймоӣ мекард, аз газу тирҳои резинӣ истифода бурдааст. Сухангӯи KFOR гуфт, сарбозонаш бар асари таркиши маводи худсохти мунфаҷира ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG