Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санникавро билохира ёфтанд. Дар зиндони Маҳилав


Андрей Санникав
Андрей Санникав
Вакили мудофеъи Андрей Санникав гуфт, ин номзади собиқ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус дар боздоштгоҳи шаҳри Маҳилав будааст. Ин изҳороти Андрей Варшавевич ба як ҳафтаи ҳадсу гумонҳо дар бораи куҷо шудани ин раҳбари зиндонии мухолифин поён дод. Варшавевич гуфт, рӯзи душанбе бо муваккилаш дар боздоштгоҳи Маҳилав мулоқот кардааст ва ӯ хеле хаста ба назар мерасид ва худ намедонист, ки чаро ӯро барои идомаи адои ҳукм ба инҷо фиристодаанд? Санникав бо иттиҳоми ташкили беназмиҳои оммавӣ дар пайи эълони натоиҷи интихоботи 19 декабр боздошт шуда, дар моҳи май ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ибтидо дар зиндони шаҳри Наваполатсак дар шимоли Беларус адои ҳукм мекард.
XS
SM
MD
LG