Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел: Олмон барои Юнон тамоми корро хоҳад кард


Ангела Меркел

Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, Олмон ба манзури кумак ба Юнон дар амри дубора ба даст овардани эътимоди бозорҳо тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, хоҳад кард. Хонум Меркел дар нишасти аҳли саноати Олмон, ки дар он сарвазири Юнон Георг Папандреу низ ҳузур дошт, гуфт, ба ислоҳоти сохторие, ки Афина ба роҳ андохтааст, “эҳтироми тамом” дорад. Аммо ӯ афзуд, ки Берлин ба татбиқи барномаҳои бештари ташвиқи иқтисодӣ “омода нест.” Папандреу ба навбаи худ кишварашро соҳиби “зарфиятҳои бузург” хонд ва аз соҳибкорони олмонӣ даъват кард, ба Юнон сармоягузорӣ кунанд. Қарор аст, имрӯз Меркел бо Папандреу мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG