Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии ду фаъол дар Ҳомел


Кастус Жуковскӣ

Кастус Жуковскӣ

Ду фаъоли мухолиф дар боздоштгоҳи шаҳри Ҳомели Беларус ба нишони эътироз эълони гуруснанишинӣ кардаанд. Змитсер Шавченка рӯзи 17 сентябр ҳангоми тавзеъи шабномаҳо ва Кастус Жуковскӣ рӯзи 22 сентябр бо иттиҳоми таҳқири пулис ва муқовимат ба мақомот боздошт шуда, 15-рӯзӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.
Жуковскӣ гуфт, ӯро ҳангоми боздошт латукӯб кардаанд.
Леанид Судаленко, як фаъоли дигар дар Ҳомел мегӯяд, мақомоти боздоштгоҳ аз ӯ хостаанд, то барои Жуковскӣ асобағал биорад, чунки пои ӯ шикастааст. Аммо масъулини боздоштгоҳи Ҳомел имрӯз ба Васил Паляков, яке дигар аз фаъолон, гуфтаанд, ки пои ӯ нашикастааст, балки фақат «каме беҷо» шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG