Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуркунандагон: "Қотилони Раббониро ҷазо диҳед!"


Садҳо тан бо ҳадафи ба муҳокима кашонидани омилони қатли Раббонӣ дар Кобул даст ба тазоҳурот заданд.

Тазоҳургарон аз Созмони Милали Муттаҳид мехоҳанд, то дар мавриди қатли устод Раббонӣ таҳқиқ кунанд ва омилони ин қатлро дар сатҳи байнулмилалӣ ба мизи муҳокима бикашанд.

Ин тазоҳургарон бар алайҳи Покистон ва ISI - созмони истихборотии ин кишвар шиор сар додаанд.

Гуфта мешавад, ин тазоҳурот аз сӯи Амруллоҳ Солеҳ - раиси пешини раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон созмондеҳӣ шуда буд, ки бино ба хабарҳо бо судури як қатънома поён ёфтааст.

Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар як ҳафта қабл дар як ҳамла ба манзилаш дар Кобул кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG