Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Папандреу имрӯз бо Меркел мулоқот мекунад


Г.Папандреу
Г.Папандреу
Сарвазири Юнон Георг Папандреу имрӯз дар Берлин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел роҳҳои расидагӣ ба буҳрони қарзи минтақаи евроро баҳс хоҳад кард. Як мавзӯъи аслии ин мулоқот вазъи иқтисоди Юнон ва барномаи ислоҳотест, ки Афина таҳия кардааст.
Ин мулоқот дар пешорӯи раъйгирии муҳими парлумони Олмон дар мавриди афзоиши ҳаҷми Сандуқи наҷоти минтақаи евро доир мешавад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз гуфт, буҳрони қарзи Аврупо ҷаҳонро дар ҳоли тарс андохтааст. Аммо қимаъти саҳом дар бозорҳои бурс бо умеди инки раҳбарони ин қора билохира аз гиребони буҳрон мегиранд, дигарбора рӯ ба афзоиш овардааст.
XS
SM
MD
LG