Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагиномаи Солеҳҷон Ҷӯраев


Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва фаъолияти кориашро ба ҳайси муфаттиш дар ноҳия шурӯъ мекунад.

Сипас, аз соли 1978, дар додситонии кулл ибтидо ба сифати муфаттиш ва сипас зина ба зина дар вазифаҳои муовини сардори раёсат, сардори раёсати тафтишот, муовини Додситони кулл ва дар моҳи сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон кор кардааст.

Фаъолияти кории ӯ минбаъд ба сифати адвокат дар шаҳрҳои мухталифи Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон идома меёбад. Борҳо ба унвони беҳтарин муфаттиш ва адвокат ё вакили мудофеъ эътироф шудааст. Соҳиби ҷавоизи ҳукуматист. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
XS
SM
MD
LG