Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар натиҷаи инфиҷори як бамб дар шаҳри Лашгаргоҳи вилояти Ҳилманди Афғонистон 16 тан кушта ва захмӣ шуданд.

Камолиддин Шерзай, раиси амнияти вилояти Ҳилманд ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин инфиҷор дар дохили як мошин дар муқобили дӯкони қарордодии фармондеҳии амнияти ин вилоят сурат гирифтааст.

То ҳол маълумоти комил дар мавриди ин ҳодиса дар даст нест ва масъулияти ин рӯйдодро низ касе бар ӯҳда нагирифта аст.

Як табиби бемористони марказии Лашкаргоҳ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кардааст, мегӯяд ки то ба ҳол ба ин бемористон 5 кушта ва 5 захмӣ интиқол ёфтаанд. Вай гуфтааст, дар миёни захмиён 3 фарди мулкӣ ва 2 пулис шомиланд.

Ба гуфтаи мақомоти афғонӣ, бар асари ин таркиш ба маҳаллоти атрофи ҷои ҳодиса хисороти зиёд ворид шудааст.

Вилояти Ҳилманд аз нооромтарин минтақаҳои Афғонистон аст, ки нерӯҳои мухолифи ҳукумати Ҳомиди Карзай дар онҷо ҳузури қавӣ доранд. Ҷангҷӯёни толиб дар ин вилоят ҳузури худро ҳифз карда ва бо нерӯҳои афғонӣ ва бритониёӣ ба пайкори худ идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG