Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон иддаои Амрикоро радд кард


Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, вазири Толибон дар умури қабоил

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, вазири Толибон дар умури қабоил

Толибон иддаоҳо дар бораи иртиботи ин гурӯҳ ё муттаҳидинаш бо давлати Покистонро радд кард. Ин ҷунбиши чирикӣ дар баёнияе, ки имрӯз бо забони англисӣ дар як торнамои ҷиҳодӣ нашр шуд, гуфт, дар Покистон ягон пойгоҳ надорад. Толибон ҳамчунин бо хадамоти иктишофии Покистон иртибот доштани яке аз ҳампаймонҳояш - шабакаи Ҳаққониро радд кард. Ахиран адмирал Майк Маллен, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико хадамоти кашфи Покистонро ба ҳимоят аз ин шабакаи ҷангӣ айбдор кард. Амрико феълан масъалаи ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ даровардани шабакаи Ҳаққониро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG