Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақоми 4-уми Тоҷикистон дар сабқати муҳоҷирфиристӣ


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Имсол қариб 10 миллион муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумлаи наздики 700 000 нафар аз Тоҷикистон, вориди Русия шудаанд. Ин омор фарогири танҳо онҳоест, ки худро дар ниҳодҳои Хадамоти муҳоҷирати Русия расман сабти ном кардаанд. Бино бар ин омор, Украина бо беш аз 2 миллион муҳоҷир дар сабқати кишварҳои муҳоҷирфирист ба Русия дар мақоми аввал буда, Узбакистон бо 1,4 миллион ва Қазоқистон бо 1 миллион муҳоҷир дуввуму сейюманд. Тоҷикистон дар ин сабқат дар мақоми чорум буда, назар ба Озарбойҷон (600 000 муҳоҷир), Молдова( ним миллион), Қирғизистон (350 000) ва Арманистон (300 000 муҳоҷир) бартарӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG