Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳри "Мовароуннаҳр"-ро баргардонданд


Додситонии кулли Тоҷикистон мӯҳри ширкати «Мовароуннаҳр»-ро ба кафили кунуниаш Тӯрабек Охунов баргардондааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи раҳбари боздоштшудаи ин ширкати сохтмонӣ Ҷӯрабек Охунов ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкат акнун фаъолияташро аз сар хоҳад гирифт. Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба бунёди манзилҳои баландошёна дар Душанбе машғул буд, вале дар пайи боздошти Охунов дар ноябри соли гузашта амалан аз фаъолият бозмонд ва натавонист тақрибан 450 муштариашро бо манзили нав таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG