Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти Зарифӣ аз узвияти Фаластин дар СММ


Tajikistan -- Hamrohkhon Zarifi, Tajik Foreign Minister in UN General Assembly, Dushanbe, 27Sep2011

Tajikistan -- Hamrohkhon Zarifi, Tajik Foreign Minister in UN General Assembly, Dushanbe, 27Sep2011

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар суханрониаш дар Маҷмаъи умумии СММ хостори ҳалли фарогир ва ҳарчӣ зудтари низоъи Ховари Миёна шуд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Мо аз азми давлати Фаластин барои касби ҷойгоҳи шоистаи худ дар Созмони милал ба ҳайси узви комилҳуқуқи ин созмон ҳимоят мекунем.»
Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳамчунин аз кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат даъват кард, то аз дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба узвияти ин созмон пуштибонӣ кунанд. Оқои Зарифӣ гуфт, Душанбе мехоҳад, то таҳти васояти СММ ташхиси тамоми низоми истифодаи оби Осиёи Марказӣ анҷом шавад. Ба бовари ӯ, як иллати аслии хушкшавии баҳри Арал обанборҳоест, ки дар кишварҳои поёноби минтақа сохта шудаанд.
XS
SM
MD
LG