Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мӯҳри "Мовароуннаҳр"-ро баргардонданд, аммо...


Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки моҳи октябри соли 2010 боздошт шуд...
Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки моҳи октябри соли 2010 боздошт шуд...

Аз сар гирифтани фаъолияти "Мовароуннаҳр" дили муштариёни ширкатро барои соҳиби хона шудан гарм кардааст.

Ин муштариён барои соҳиби хона шудан ба ширкати мазкури пешпардохт кардаанд. Аммо боздошти раиси он дар як соли пеш ва ба думболи он мутаваққиф шудани фаъолияти «Мовароуннаҳр» садҳо муштарии онро дар гирифтани хона ноумед карда буд. Вале акнун масъулини ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯянд, билохира тавонистаанд, ки мӯҳру асноди мусодирашудаи худро аз мақомот бозпас бигиранд ва фаъолияти худро дубора оғоз кунанд.

МӮҲРИ "МОВАРОУННАҲР" БОЗПАС ДОДА ШУД

Шӯҳрат Қудратов, вакили ҳуқуқии ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд: «Прокуратураи генералии Тоҷикистон мӯҳри ширкати «Мовароуннаҳр»-ро ба Охунов Турабек, ки иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкати мазкур мебошад, баргардонд. Ва мешавад гуфт, ки ширкати «Мовароуннаҳр» фаъолияти худро дубора аз сар гирифт».

Ба гуфтаи оқои Қудратов, акнун шароити ҳуқуқӣ барои идомаи фаъолияти ин ширкат фароҳам шуда ва масъулони он ҳарчи сареъ корҳои сохтмониро оғоз ва ба муштариёнашон манзилҳо пешниҳод хоҳанд кард.

ШӮЪЛАИ УМЕД...

Ба ҳар ҳол, хабари бозпас додани асноду мӯҳри «Мовароуннаҳр» дар дили муштариёни он барои гирифтани хона шӯълаи умедро дубора зинда кардааст.

Султони Мирзода, як муштарии ин ширкат, ки дар як соли пеш мебоист, хонаи худро мегирифт, мегӯяд: «Мо дар ҷаласаҳои додгоҳ даъват шуда будем ва ҳама ҳамин талабро дошт, ки ё раиси ин ширкат озод шавад ва ё ба ширкати мазкур иҷоза дода шавад, ки фаъолияти худро идома диҳад, то ки муштариён ва касоне, ки ба умеди дарёфти хона пул пардохт кардаанд, зиён набинанд. Мо бояд дар соли 2010 хонаамонро мегирифтем, вале то кунун нагирифтем ва умедворем, ки акнун ҳама кор хуб анҷом шавад».

Ба бовари муштариёни хонаҳои ин ширкат, иҷозаи фаъолият додан ба «Мовароуннаҳр» тавассути талошҳои Кумитаи муштариён ва инъикоси густардаи ин ин қазия дар расонаҳо мумкин шудааст. Гузашта аз ин тавассути расонаҳо давлат таҳти фишор қарор гирифт. Зеро дар сурати варшикаста шудани ширкатҳо, бояд давлат ба ширкатҳо кӯмак кунад, ки муштариён зиён набинанд, аммо дар Тоҷикистон акси ин ҳол дар чанд соли охир мушоҳида шудааст. Бо боздошти раҳбарони ширкатҳо фаъолияти онҳо низ мутаваққиф шуда ва муштариён зиён дидаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00
Линки мустақим


Вале акнун масъулини ширкати “Мовароуннаҳр” мегӯянд, ки дар зудтарин фурсат бояд 450 манзилро сохта ва ба муштариён пешниҳод кунанд, ки бештар аз 60 дарсади корҳои сохтмонии ин биноҳо анҷом шудааст.

Аммо дар айни ҳол, масъулони ин ширкат мегӯянд, дар ҳоли ҳозир барои идомаи корҳои сохтмонӣ, ки як сол ба ин ҷониб мутаваққиф шуда буд, ба 3 ё 4 миллион сомонӣ ниёз доранд. Масъулини «Мовароуннаҳр» мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти ахири ширкати мазкур, баъид аст, ки бонкҳо ин миқдор маблағро қарз бидиҳанд, вале онҳо ба ҳар қиммате набошад, маблағ дарёфт ва тавофуқашон бо муштариёнро иҷро хоҳанд кард.

ОЁ "МОВАРОУННАҲР" ҚОДИР БА АЗСАРГИРИИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ АСТ?

Аммо суол ин аст, ки оё бо таваҷҷӯҳ ба таваққуфи яксолаи кори «Мовароуннаҳр» дар воқеъ ин ширкат қодир ба азсаргирии корҳои сохтмонӣ ва таъмини супоришҳои муштариёнаш хоҳад буд?

Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба ин амр бовар дорад. Аммо ба чӣ далел? Ӯ мегӯд: «Ширкати «Мовароуннаҳр» як ширкати бисёрсоҳа аст. Сарчашмаҳои дигари сармоя ҳам дорад. Агар намедошт дар ҳамин муддати пеш омадани ин қазия эълон мекард, ки ба чанд далел, аз ҷумла ҳамин тафтишот муфлис шудааст, яъне банкрот шудааст. Аммо ин корро накард ва баръакс эъломия дод, ки метавонад аҳди худ бо муштариёнро иҷро кунад. Яъне ягон сарчашмаи сармоя доранд. Имкони идомаи сохтмон ва баргардонидани сармоягузориҳори муштариён 90 дарсад вуҷуд дорад».

Ин дар ҳолест, ки вакили ҳуқуқии ширкати "Мовароуннаҳр" мегӯяд, ин ширкати сохтмонӣ дар пайи боздошти раҳбараш -- Ҷӯрабек Охунов ҳудуди 170 миллион сомонӣ хисорот дидааст. Ӯ гуфт, ҳоло онҳо ният доранд дар ин бора ба Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ки ба тақаллуб ва тасарруфи маблағ муттаҳам мешавад, ҳанӯз моҳи октябри соли 2010 боздошт ва мурофиаи додгоҳии ӯ дар моҳи августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфтааства ҳамчунон идома дорад.

Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки бо боздошти раҳбараш фаъолияти он низ қатъ шуда буд. Ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст.
Суқути "Мовароуннаҳр" ва хонаводаҳои муфлис
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG