Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ҷаҳонгардон. Майли кам, вале афзоянда?


Масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, марҳала ба марҳала шумораи сайёҳону ҷаҳонгардон дар ин кишвар ба 1 миллион нафар расонида хоҳад шуд.

Имрӯз 27 сентябр ба унвони рӯзи байналмилалии туризм дар ҷаҳон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе, конфаронси байналмилалӣ дар робита ба рушди туризм ва дурнамои он дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои ҷаҳонгардии дохилӣ ва хориҷӣ оғоз гардид.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон аст ва дар радифи давлатҳои туристӣ қарор мегирад.

Аммо то куҷо туризм дар Тоҷикистон рушд кардааст? Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар муддати се соли ахир соҳаи туризм дар ин кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ва табиати «афсонавӣ» - и Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳонгардони дохилӣ ва хориҷӣ шудааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:40 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки дар соли 2008 теъдоди ҷаҳонгардон ба ним миллион нафар расида буд, аммо паёмади бӯҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ то ҷое монеи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон шуд ва дар солҳои баъд ин раванд рӯ ба коҳиш ниҳод.

Тибқи омори расмӣ, соли 2010 ба Тоҷикистон беш аз 220 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар кардааст, ки аз ин 160 ҳазорро сайёҳону ҷаҳонгардон ташкил додааст.

Аммо ин рақам дар соли ҷорӣ афзоишро нишон медиҳад, зеро танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 140 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар кардааст, ки беш аз 110 ҳазори он саёҳон мебошанд.

Ба гуфтаи Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи кишвар иншоотҳои маишӣ, ба хусус меҳмонхонаҳо барои сайёҳони дохилу хориҷ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ин боз ҳам дар ҷиҳати беҳбуди шароит ва хадамот барои қабули сайёҳону ҷаҳонгардон заминаи мусоидеро фароҳам меорад.

Ин аст, ки ба таъкиди ҷаноби Файзуллоев, бар асоси Барнома ва Консепсияи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон, қарор аст то соли 2020 шумораи туристон марҳала ба марҳала ба 1 миллион нафар расонида шавад.
XS
SM
MD
LG