Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи наҷоти минтақаи евро кадом аст?


Таҷаммӯи юнониҳо дар назди яке аз банкҳои Афин.
Таҷаммӯи юнониҳо дар назди яке аз банкҳои Афин.

Дар нишасти солонаи Сандуқи Байнулмилалии Пул дар Вашингтон барои раҳоии кишварҳои ҳавзаи пули евро аз бӯҳрони қарзӣ ва молӣ, як барномаи чандтриллион евроӣ пешниҳод шудааст.

Аммо дар нишаст созиши мушаххасу фарогире барои раҳоии Аврупо аз чанголи бӯҳрон ва раҳоии Юнон аз вартаи варшикастагии молӣ ҳосил нашуд, ки метавонад, ҳоли иқтисоди ҷаҳониро бад кунад.
Варшикастагие, ки метавонад, на танҳо вазъи иқтисоди кишварҳои ҳавзаи евро, балки тамоми иқтисоди ҷаҳониро бад хоҳад кард...

Айни замон аз гузориши расонаҳо ва шарҳи мақомоти расмӣ бармеояд, ки барномаи пешниҳодӣ дар Сандуқи Байналмилалии Пул се бахш доштааст. Якум, фоидаи қарзҳои Юнон, ки аксаран сармоягузорони хусусӣ ба он кишвар додаанд, 50 дарсад кам карда мешавад. Аз онҷо ки бар асари ин “раҳмдилӣ”, аксаран сармоягузорони хусусӣ зиёни бузурги молӣ мебинанд, бахши дигари барномаи пешниҳодӣ, додани кӯмакҳои молӣ ба чанд бонки бузурги аврупоӣ аст.

Дигар унсури барномаи раҳоии кишварҳои ҳавзаи истифодаи евро, афзудани ҳаҷми Бунёди кӯмаки молии Аврупо аст, ки ба кишварҳои дармонда дар мушкилоти молӣ ба мисли Юнон кӯмак мекунад, то бо раҳоӣ аз бӯҳрон ин кӯмакҳои молиро ба тадриҷ баргардонанд. Бунёди мазкур, Бунёди суботи молии Аврупо, унвон дорад ва моҳи июн ҳаҷми сармояи онро то 440 миллиард евро афзоиш доданд.

Вале он гуна ки Оллӣ Рейн, масъули умури молии Иттиҳодияи Аврупо ба рӯзномаи “Ди Велт”-и Олмон гуфтааст, шояд кишварҳои узв дар сурати зарурат ҳаҷми кӯмакҳои молии бунёдро афзоиш диҳанд. Яъне, захираҳои молии Бунёди кӯмаки молии Аврупо бо кӯмаки молии Бонки Марказии Аврупо якуним триллион еврои дигар афзуда мешавад, то кишварҳои ба мисли Итолиёву Юнон, ки дар бозори молии озод ба сахтӣ қарз меёбанд, ба осонӣ аз ин бунёд қарзи боимтиёз бигиранд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, тарҳи мазкурро баъзе аз кишварҳои узв метавонанд рад кунанд, зеро ин бори вазнин ва хатари зиёдро бояд аҳолии кишварҳои ҳавзаи евро бар дӯш бигиранд. Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузориши тозаи молии худ мегӯяд, шояд зиёни эҳтимолии молии бонкҳои кишварҳои ҳавзаи евро аз бӯҳрони қарзӣ ба 300 миллиард доллар бирасад.

Гуфта мешавад, ҳоли бонки итолиёии "Юникредит", "БиЭнПи Парибас", "Сосаити Ҷенерале", ва "Credit Agricol"-и Фаронса бисёр бад хоҳад шуд, зеро ин бонкҳо то кунун авроқи гаронбаҳои ҳукуматҳои то баногӯш ба қарз фӯру рафтаи Юнон ва Итолиёро харидаанд. Агар чунин шавад, ба гуфтаи Сандуқи Байнулмилалии Пул, яке аз ҳар панҷ бонки ҳавзаи евро нисфи сармояи умумии худро аз даст медиҳанд.

Гузоришҳо доир ба барномаи наҷот аз бӯҳрони молии кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки арзёбии фавқуллода муҳими муҳосиботи давлати Юнон аз сӯи Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Иттиҳодияи Аврупо ниҳоӣ мешавад. Танҳо дар сурати натиҷаҳои мусбати арзёбии мазкур, Юнон метавонад ба 8 миллиард еврои кӯмаки молӣ умед бандад, ки барои пардохти музди кор, нафақа ва дигар ҳисобҳои давлатӣ дар моҳи октябр ба он пул мӯҳтоҷ аст.

Евангелос Венизелос, вазири молияи Юнон, рӯзи якшанбе гуфт, кишвараш ба хотири коҳиш додани хароҷоти буҷа иқдомоти наверо амалӣ хоҳад кард, то аз варшикастагӣ эмин монад. Варшикастагие, ки метавонад, на танҳо вазъи иқтисоди кишварҳои ҳавзаи евро, балки тамоми иқтисоди ҷаҳониро бад хоҳад кард. Қарор аст, порлумони Юнон дар мавриди ҷорӣ кардани молиёти нав ба амволи хусусӣ раъй диҳад, ки бешак метавонад, хашми мардуми Юнонро бештар кунад, ки аз ин пеш ҳукумат имтиёзҳои молии онҳоро камтар карда буд.
XS
SM
MD
LG