Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Бӯҳрони молиявии Аврупо оламро тарсондааст


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико изҳор намуд, ки бӯҳрони молиявӣ дар Аврупо ҳама оламро тарсонидааст.

Зимни ташриф ба аёлати Калифорния ӯ гуфт, ки "кишварҳои Аврупо то ҳанӯз аз бӯҳрони соли 2007 пурра ба худ наомадаанд ва ҳама мушкилотеро, ки низоми бонкияшон мувоҷеҳ шуда буд, аз байн набурдаанд. Ҳоло чораҳо барои танзими касри буҷаи Юнон андешида мешаванд".

Обама афзуд, ки "бӯҳрони молиявӣ дар Аврупо ҳама оламро тарсонд ва онҳо барои рафъи бӯҳрон талош мекунанд. Аммо ин кор ба кундӣ пеш меравад. Гап сари он аст, ки иқтисодиёт дар ҳама олам ба таври дилхоҳ рушд намекунад".

Барак Обама гуфт, ки соли равон дар иқтисоди ИМА бино бар авзоъ дар ҷаҳон, аз ҷумла, норомиҳо дар кишварҳои арабӣ ва ба думболи он боло рафиани қимати маводи сӯхт каме пойинрафт мушоҳида шуд.
XS
SM
MD
LG