Пайвандҳои дастрасӣ

Дар қаъри уқёнуси Атлантика, дар наздикиҳои соҳилҳои Ирландия, як киштии бритониёвӣ ошкор гардид, ки соли 1941 бар асари ҳамлаи киштии зериобии низомиёни олмонӣ ғарқ шуда буд.

Дар ин киштӣ тақрибан 200 тонна нуқра маҳфуз аст, ки қимати имрӯзаи он 250 миллион долларро ташкил медиҳад.

Киштии Gairsoppa дар ҳоле мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ки аз Ҳиндустон ба Бритониё бармегашт.

Киштии ҳафтод сол пеш ғарқшударо ширкати амрикоии Odyssey Marine, ки ба пажуҳиши қаъри уқёнус машғул аст, пайдо намуд. Дар сурати берун кардани нуқра аз чуқурии беш аз чаҳор ҳазор метр, ширкати Odyssey Marine 80 дар сади онро соҳиб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG