Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ дар Маҷмааи умумии СММ суханронӣ кард


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз минбари Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ кард.Ӯ бештар рӯи баҳси тақсими об дар минтақаи Осиёи Миёна тамаркуз намуд.

Ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, дар Тоҷикистон, ки тақрибан 60 дар сади захираи оби Осиёи марказӣ тавлид мешавад, тайи сӣ соли ахир майдони пиряхҳо тақрибан 35 дар сад коҳиш ёфтааст. Обшавии босуръати пиряхҳо барои таъмини амнияти обу энерҷӣ ва озуқаи минтақа хатарҳои нав эҷод мекунад.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз талоши Фаластин барои узви СММ шудан пуштибонӣ кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири иҷрои стратегияи байнулмилалии эътидоли комили авзоъ дар Афғонистон ҷалби ин кишвар ба раванди ҳамоиши минтақаӣ тавассути ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсояро муҳим мехонад.
XS
SM
MD
LG