Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Испания дастури парокандасозии парлумон бино ба баргузории интихоботи қабл аз вақт дар санаи 20 ноябри соли равонро пазируфт.

Бар пояи назарсанҷиҳои ахир, ҳизби ҳукмрони сотстиалистӣ, ки ба он сарвазир Хосе Луис Сапатеро сарварӣ мекунад, дар сабқати интихоботӣ аз сӯи ҳизбҳои мухолиф мағлуб хоҳад шуд. Худи Сапатеро қаблан эълом дошт, ки барои дар мақом боқӣ мондан талош нахоҳад кард ва баъди тарки курсии сарвазирӣ сиёсатҳро ҳам тарк хоҳад гуфт.

Ҳукумати феълии Испания баъди андешидани чораҳо барои сарфаи буҷа нуфузи пешини худро аз даст дод. Айни ҳол бекорӣ дар Испания 21 дар садро ташкил медиҳад ва ин баландтарин нишондод миёни кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG