Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои амният истиқлолияти Фаластинро баррасӣ мекунад


Шӯрои амнияти СММ баррасии мавзӯъи эътирофи истиқлолияти давлати Фаластинро шурӯъ кард.

Машваратҳо пушти дарҳои баста идома доранд ва, ба гуфтаи нозирон, шояд чанд ҳафта идома кунанд.

Ҳафтаи гузашта раиси Идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ба Маҷмааи умумии СММ ариза дар бораи ба расмият шинохтани давлати мустақили Фаластинро ироа кард.

Исроил ва ИМА ба эълони истиқлоли Фаластин мухолифанд. Чаҳоргонаи миёнҷиҳои байнулмилалӣ – ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва СММ аз фаластиниҳову исроилиҳо даъват намуд, ки музокироти сулҳро аз сар бигиранд. Аз ин пештар Амрико эълон дошт, ки ба тарҳи эҳтимолии қатънома дар бораи эътирофи истиқлоли Фаластин вето хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG