Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои пурмоҷарои ноиби сарвазири Русия


Ноиби сарвазир, вазири молияи Русия Алексей Кудрин ва портрети раисиҷумҳур Дмитрий Медведев.
Ноиби сарвазир, вазири молияи Русия Алексей Кудрин ва портрети раисиҷумҳур Дмитрий Медведев.

Президенти Русия Дмитрий Медведев истеъфои ноиби сарвазир, вазири молияи кишвар Алексей Кудринро пазируфт.

Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод. Сабаби асосии истеъфои Кудрин изҳороти рӯзи шанбеи ӯ дар Вашингтон аст, ки бо шунидани хабари ҷойивазкунии эҳтимолии Путин ва Медведев гуфт, зимни ихтилофи назаре, ки бо Медведев дорад, дар ҳукумати ӯ кор нахоҳад кард.

Медведев аз ин изҳорот норозӣ шуд ва гуфт: “Ҳар касе, ки дар хати маши президенту ҳукумат шак дорад, ҳақ дорад ба номи ман бо ариза муроҷиат кунад. Вай метавонад ошкоро ин корро кунад. Вале ман маҷбурам, ки пеши роҳи ҳама гапҳои бемасъулиятонаро бигирам ва ҳама тасмимҳоямро то 7 маи соли оянда хоҳам гирифт.”

Дар бораи мухолифатҳояш бо Медведев Алексей Кудрин аз ҷумла гуфт, афзоиши харҷи низомӣ, ки президент дар пеш гирифтааст, ба вазъи молиявии кишвараш хатар дорад. Кудрин, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ вазири молияи Русия аст, дар ин ришта як муҳофизакор дониста мешавад ва тавонистааст, даромади кишвар аз нафтро ба самте равона кунад, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Русия нармтар шавад.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки сари чанд масъалаи муҳим бо Медведев ихтилофи назар дорад. Хабаргузориҳо дар нақли қавл аз Медведев гуфтанд, ки “агар Кудрин бо сиёсати президент, ки аз ҷониби ҳукумат иҷро мешавад, розӣ набошад, пас интихоб танҳо истеъфо буда метавонад."

Дар ҷавоб Кудрин гуфт, ки баъди машварат бо нахуствазир Путин тасмими худро хоҳад гуфт. Вале Медведев, зоҳиран чунин фурсатро ба Кудрин надод ва гуфт, "Шумо метавонед, бо ҳар касе ки дилатон хоҳад, машварат кунед, аммо то замоне ки ман президентам, тасмимро худам мегирам."

Моҷаро ба эҳтимоли зиёд аз он сар зад, ки рӯзи шанбе раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев гуфт, бояд Владимир Путин раисиҷумҳури ояндаи кишвараш шавад. Ва сарвазир Владимир Путин дар навбати хуш гуфт, Медведев дар саргаҳи феҳрасти ҳизбӣ дар интихоботи порлумонии 4-уми декабр ҳузур хоҳад дошт. Путин инро ҳам изофа кард, ки Медведев на танҳо ҳизбро ба интихобот омода мекунад, балки оянда дар ҳукумат ба ҳайси сарвазир кор хоҳад кард. Аммо ин нақшаи оянда хоҳад буд ва ҳоло Медведев раисиҷумҳур ва Путин сарвазир аст.

Бино бар қонунҳои Русия раисиҷумҳур наметавонад, бо тасмими худ ноиби сарвазир ё вазири ҳукумати федеролро барканор кунад. Барои ин аввал пешниҳоди сарвазир зарур аст.



Ба ин тартиб эълони ҷойивазкунии аъзои Дугонаи "Путин-Медведев" дар қадами аввал бӯҳронеро дар ҳукумат ба вуҷуд овард. Ноиби сарвазир ва вазири молия Алексей Кудрин тарроҳи бисёре аз барномаҳои бунёдии иқтисодии Русия аст ва ҳоло бояд дид, сарвазир Путин ба ин моҷаро чӣ вокуниш нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG