Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Президенти Русия Дмитрий Медведев қарори истеъфои муовини нахуствазир, вазири молияи кишвар Алексей Кудринро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод.
Тасмими мазкур баъди он гирифта шуд, ки Медведев норизоияташро аз изҳороти ахири Кудрин баён кард, ки зимни боздид аз Вашингтон гуфт, баъди президент шудани Путин ва нахуствазир шудани Медведев, зери дасти Медведев кор нахоҳад кард. Медведев имрӯз ба Кудрин чунин гуфт:

“Ҳар касе, ки дар хати маши президнту ҳукумат шак дорад, ҳақ дорад ба номи ман бо ариза муроҷиат кунад. Вай метовонад ошкоро ин корро кунад. Вале ман маҷбурам, ки пеши роҳи ҳама гапҳои бемасъулиятонаро бигирам ва ҳама тасмимҳоямро то 7 маи соли оянда хоҳам гирифт”.

Кудрин гуфтааст, ки сари чанд масъалаи муҳим бо Медведев ихтилофи назар дорад. Хабаргузориҳо дар нақли қавл аз Медведев гуфтанд, ки “агар Кудрин бо сиёсати президент, ки аз ҷониби ҳукумат иҷро мешавад, розӣ набошад, пас интихоб танҳо истеъфо буда метавонад”. Медведев гуфт, ки Кудрин бояд имрӯз посухи худро ба президент диҳад. Дар ҷавоб Кудрин гуфт, ки баъди машварат бо нахуствазир Путин тасмими худро хоҳад гуфт.
XS
SM
MD
LG