Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хӯҷаалӣ -- Алихӯҷа? Дар ҷустуҷӯи фарқиятҳо


Номзадии Владимир Путин ба мақоми раисиҷумҳури Русия вокуниши сокинони Тоҷикистонро ба бор овардааст.

Ахиран сарвазири Русия ва раисиҷумҳури пешини ин кишвар Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад шуд.

Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев рӯзи 24-уми сентябр дар анҷумани ҳизби “Русияи воҳид” дар Маскав гуфт, бояд раҳбари ин ҳизб, сарвазири кишвар Владимир Путин раисиҷумҳури ояндаи кишвараш шавад.

Ин изҳорот дурустии ҳадсу гумонҳо дар бораи мавҷудияти як созиш миёни Медведев ва Путин ва барномаи дигарбора ба сари қудрат баргаштани дуюмиро собит кард.

Бозии ин ду сиёсатмадор, дар заминаи ҳифзи қудрат аксар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ёди бозии перезидентҳои Осиёи Марказӣ буд, ки қудрати худро бо ҳар роҳ ба даҳсолаҳо кашонидаанд.

Назари сокинон ва коршиносонро дар навори зер бубинед:

Интизориҳои тоҷикон аз "бозгашт"-и Путин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG