Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ба Кудрин то имрӯз фурсат дод, ки бо ӯ монда ё истеъфо равад


Президенти Русия Дмитрий Медведев имрӯз ба Алексей Кудрин то охири рӯз фурсат дод, ки тасмим бигирад дар вазифа мемонад ё на. Кудрин, ки дар хориҷа ба унвони кафили эътидоли иқтисодии Русия арзёбӣ мешавад, баъди 11 соли иҷрои салоҳиятҳои вазири молия ахиран дар Вашингтон гуфт, ки баъди президент шудани Путин ва нахуствазир шудани Медведев, зери дасти Медведев кор нахоҳад кард. Кудрин гуфтааст, ки сари чанд масъалаи муҳим бо Медведев ихтилофи назар дорад. Хабаргузориҳо дар нақли қавл аз Медведев гуфтанд, ки “агар Кудрин бо сиёсати президент, ки аз ҷониби ҳукумат иҷро мешавад, розӣ набошад, пас интихоб танҳо истеъфо буда метавонад”. Медведев гуфтааст, ки Кудрин бояд имрӯз посухи худро ба президент диҳад.
XS
SM
MD
LG