Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Амрико дар Кобул: иллати тирандозӣ мушаххас нест


Сафорати Амрико дар Кобул мегӯяд, ки як коргари афғони ин намояндагии дипломатӣ дар як ҳодисаи тирандозӣ дар сохтмони марбут ба сафоратхона як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаро кушта дигареро маҷрӯҳ кардааст. Сухангӯи сафорат Гевин Сандвол гуфт, ки дар ҳодисаи шаби шанбе ҳамлагар низ кушта шуд.

“Ҳоло мо дар бораи иллати ин ҳамла чизе намедонем, чун ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Ман мехоҳам тасаллияти худро аз ҳалокати инсонҳо ба аҳли хонаводаи онҳо баён кунам”.

Бовар меравад, ки ин сохтмон марбут ба Оҷонсии марказии истихборот аст, ҳарчанд худи ин созмон аз ташреҳи ҳодиса худдорӣ мекунад. Коргари маҷрӯҳшудаи сафорат, ки ҷароҳатҳояш сабук арзёбӣ мешавад, ба шифохонаи низомии Афғонистон интиқол дода шуд.
Ду ҳафта пеш аз ин дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба сафорати Амрико дар Кобул 25 кас кушта шуд. Ҳафтаи гузашта раиси шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурхониддин Раббонӣ дар манзили худ қурбони як таркиши интиҳорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG