Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуҷуми қабилаҳо ба горди президентии Яман


Санъо, 21 сентябр

Санъо, 21 сентябр

Тибқи гузоришҳои раҳбарони қабилаҳои зиддиҳукуматии Яман, размандагони онҳо ба як пойгоҳи артиш дар шимоли Санъо, пойтахти кишвар ҳуҷум карда фармондеҳи онро кушта 16 сарбозро гаравгон гирифтанд. Як вебсайти мухолифин мегӯяд, ки генерал Аҳмад Абдуллоҳ Ал-Келейби дар натиҷаи задухӯрди миёни сокинони қабилаҳо ва сарбозон дар пойгоҳи артиш кушта шудааст. Ин гузоришро аз роҳи манобеи мустақил тасдиқ кардан душвор аст. Горди ҷумҳуриявии олирутбаро, ки мухолифин барои ҳамла болои эътирозгарони зиддиҳукуматӣ айбдор мекунад, таҳти раҳбарии писари президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ - Аҳмад қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, ҳазорҳо сокинони Яман дар раҳпаймоии зидди президент Солеҳ ширкат мекунанд. Зимни таҷлил аз солгарди инқилоби рӯзи 26 сентябр, ки чун рӯзи таъсиси ҷумҳурии Яман шинохта мешавад, эътирозгарон бо шиори “сулҳу субот” дар хиёбонҳои пойтахт раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG