Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байналмилалии муҳоҷират ҳамин моҳ ба иҷрои барномае барои муҳоҷирони кории чинӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад, ки теъдодашон бино ба оморҳо аз марзи 80 ҳазор нафар ҳам гузаштааст.

Агарчӣ то чанд соли пеш теъдоди коргарони чинӣ дар Тоҷикистон зиёд набуд, аммо ҳоло ҳузури теъдоди зиёди онҳо дар бозору сохтмонҳои кишвар касеро ба ҳайрат намеорад. Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, муҳоҷирати корӣ бояд ба шакле бошад, ки на ба сиҳатии муҳоҷирон таъсири манфӣ гузорад ва на барои сиҳатии мардуми маҳаллӣ хатар эҷод кунад.

Рухшона Қурбонова, сармутахассиси барномаҳои бахши сиҳатии муҳоҷирон дар Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират доир ба “Барномаи дастрасии муҳоҷирони кории чинӣ ба хадамоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон” доир ба ҷузъиёти ҳамин барнома гуфт:

Ҷавоб: Иҷрои барномаи нави “Дастрасии муҳоҷиронии кории чинӣ ба хадамоти тиббӣ” дар Тоҷикистон аз ҳамин моҳ шурӯъ мешавад ва аз се бахш иборат аст. Аввал таҳқиқи вазъи сиҳатии муҳоҷирони чинӣ, ниёзмандиҳои беҳдоштии онҳо ва дастрасии ин муҳоҷирон ба хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон. Бахши дуввуми барнома, тақвияти тавоноии ниҳодҳои давлатӣ ва маъмурони тиббӣ, ба ибораи дигар боло бурдани сатҳи огаҳии онҳо аз хусусиятҳои фарҳангии шаҳрвандони хориҷӣ ва шеваҳои муносибат бо онҳост. Бахши саввуми барнома, роҳандозии маъракаҳои иттилоотӣ дар миёни худи муҳоҷирони кории чинӣ мебошад. Мо қасд дорем, дастур ва варақаҳои иттилоотӣ бо забони чинӣ таҳия карда ва ба хотири боло бурдани сатҳи огаҳии муҳоҷирони чинӣ дар байни онҳо тақсим кунем.



Суол: Иҷрои барнома аз кадом назар барои худи Тоҷикистон ва мардуми таҳҷоӣ муҳим аст?

Ҷавоб: Тоҷикистон ҳоло шоҳиди афзоиши коргарони хориҷӣ дар қаламрави кишвар шудааст ва аз ин рӯ муҳим аст, то дар миёни коргарони хориҷӣ маъракаҳои тарғиботӣ раҳандозӣ шавад. Ҳадафҳои барнома бар асоси се усули беҳдошти оммавӣ интихоб шудаанд. Бар асоси ин усулҳо, муҳим аст, то миёни дастрасии муҳоҷирони корӣ ва мардуми таҳҷоӣ ба хадамоти тиббӣ, тафовут гузошта нашавад, чизе, ки мо талош дорем, дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия риоят шавад. Яъне бар асоси барномаи мазкур, мо мехоҳем намунае созем ва ба дигар кишварҳои муҳоҷирпазир нишон бидиҳем, ки чӣ гуна сиёсати ҳаққи муҳоҷирон ба беҳдошту саломатиро ба роҳ монанд. Ҳамчунин бисёр муҳим аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳо, дар миёни муҳоҷирон маъракаҳои тарғиботӣ гузаронида шавад, то аз ин роҳ хатари муҳоҷират ба вазъи сиҳатии мардум ба ҳадди камтарин коҳиш дода шавад. Агар мо бо иқдомоти пешакӣ, хатарҳоро коҳиш диҳем, табиатан, муҳоҷирон камтар бемор мешаванд ва хатари сирояти бемориҳо ба мардуми таҳҷоӣ ҳам камтар мешавад.

Суол: Шумо қабл аз иҷрои барномае то ҳадде мушкилоти мавҷуд дар арсаи хосеро таҳқиқ мекунед. Масалан як муҳоҷири кории чинӣ агар бемор шавад, то чӣ ҳад ба ӯ дар бемористонҳои Тоҷикистон кӯмак мерасонанд?

Ҷавоб: Мушкил ҳам дар ҳамин аст, ки доир ба вазъи сиҳатии муҳоҷирони корӣ, шароити зиндагиву кор ва дастрасии онҳо ба хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон иттилои бисёр кам вуҷуд дорад. Аз ин рӯ дар марҳилаи аввал мо қасд дорем, ки ҳамин масъалаҳоро рӯшан кунем. Аммо аз мушоҳидаҳои мо дар кишварҳои дигар бармеояд, ки муҳоҷирони корӣ аз назари шароити зиндагӣ, ҳаққи қонунии иқомат мушкил доранд. Аммо таври маъмул аз назари дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ, пеш аз ҳама мушкил, монеаи забонӣ аст. Барои ҳамин мо мехоҳем, вазъро дар кишвари худамон таҳқиқ кунем ва бар асоси он ҳамроҳ бо Хадамоти муҳоҷират, вазорати беҳдошт ва дигар ниҳодҳои давлатӣ тавсияҳо ва стратегияи беҳбуд бахшидан ба дастрасии муҳоҷирони корӣ ба хадамоти тиббиро ироа кунем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG