Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси дигари "Фараж". Даъвои як шаҳрванд ё фишор?


Саҳифаи аввали нашрияи мустақили "Фараж"

Саҳифаи аввали нашрияи мустақили "Фараж"

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ алайҳи нашрияи "Фараж" ва як муаллифи он парвандаи шаҳрвандӣ боз кардааст.

Як сокини ноҳияи Рудакӣ зоҳиран барои ҳимояти шаъну эътибори худ, ки ба бовари ӯ дар мақолае роҷеъ ба як таъйиноти додгоҳӣ паст зада шудааст, ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Дигар журналистонро дар кӯчаҳои Душанбе намекушанд, вале даъво алайҳи матбуот ва рӯзноманигорон ба тамоюл табдил мешавад...


Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж" мегӯяд: "Огоҳиномае ворид шуд ба ин мазмун, ки дар суд (додгоҳ)-и ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи шаҳрвандӣ бо даъвои Азизов Файзиддин Худойназарович ва бо ҷавобгарии Шарипова Зевар ва идораи "Фараж" роҷеъ ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Бинобар ин аз Шумо даъват мешавад, ки намояндаатонро барои супурдани аризаи даъвогӣ рӯзи 26 сентябр таъмин намоед."

Хуршеди Атовулло
Гуфтанист, ин шаҳрванд бо ҳамин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам чанде пеш аз болои нашрияи мустақили "Фараж" шикоят бурда буд, аммо додгоҳ ба чанд далел, аз ҷумла ба далели ғалат дар навиштани ариза ва ба сабаби дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат доштани яке аз даъвогар ва яке аз ҳамҷавобгарон, яъне муаллифи "Фараж", аз баррасии ин ариза худдорӣ кард.

Ин шаҳрванд, ки дар аризаи қаблии худ ба додгоҳи Фирдавсӣ 500 ҳазор сомонӣ товон талаб намуда буд, ҳоло ба дурустӣ маълум нест, ки чӣ миқдор товонро аз додгоҳи Рӯдакӣ талаб кардааст. Аммо ин маблағ ҳар чӣ миқдоре бошад, ҳақиқат ин аст, ки ба кори мураттаби рӯзнома халал ворид хоҳад кард.





Масъулини матбуоти Тоҷикистон мегӯянд, даъвоҳои додгоҳӣ ахиран боиси зарбаи сангине ҳам аз нигоҳи равонӣ ва ҳам корӣ ба пайкари рӯзномаҳо шудааст. Зеро аз як сӯ масъулини ҳафтаномаҳо маҷбуранд, ки пул ва вақти зиёди худро барои ҳалли қазияи додгоҳӣ масраф кунанд ва аз сӯи дигар муаллифони мақолаҳои мавриди баҳс ба фикри худсензурӣ ва накӯҳиш меуфтанд, ки чаро коре карданд, ки боиси пушаймонӣ ва надомат шудаааст.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи "Азия-Плюс", ки чандин парвандаи додгоҳиро пушти сар карда ва ҳамин ҳоло ҳам баҳсе дар додгоҳ бо муовини вазири корҳои дохилӣ дорад, мегӯяд: "Даъвоҳои додгоҳӣ пеш аз ҳама таъсири бузурги равонӣ доранд. Зеро ахиран даъвогарон малбағҳои бузург талаб мекунанд ва кормандони нашрияҳо ба фикр фурӯ мерванд, зеро ин маблағҳо дар воқеъ метавонанд рӯзномаҳоро муфлис кунанд. Журналист агар ҳатто бо дархости идора он мақолаи мавриди баҳсро навишта бошад ҳам, эҳсоси гуноҳ мекунад. Зеро фикр мекунад, ки агар рӯзнома баста шавад, на танҳо ӯ, балки одамони зиёде бекор мемонанд. Сардабир ҳам дар фикр фурӯ меравад, ки шояд беҳтар буд ин мақоларо чоп намекардам. Бо як калима бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ ин баҳсҳои додгоҳӣ боиси афзоиши худсензурӣ мешавад."

Бо ин вуҷуд аксари масъулини расонаҳо ва хабарнигорон мегӯянд, шукр мекунанд, ки ҷои таҳдиду лату кӯби журналистон дар ҷодаҳоро баҳсҳои додгоҳӣ гирифтааст ва қазияҳо бо роҳи ҳуқуқӣ ҳал мешавад.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи "Озодагон" низ даъвоҳои додгоҳиро зиёд таҷриба кардааст ва мегӯяд, ин даъвоҳо барои масъулини нашрияҳо дар воқеъ хастакунанда аст ва хастагии равонӣ боиси заъфи кор ва коҳиши теъдоди нашри рӯзномаҳо мешавад. Ӯ мегӯяд:
Зафари Сӯфӣ

"Таҷрибаи додгоҳӣ барои ҳамаи мо як таҷрибаи талхе буд. Мо аз нигоҳи зеҳнӣ бештар машғули посух навиштан ба даъвои онҳо ва ё посух гуфтан ба дӯстон дар мавриди ин қазия шудем. Ин ҳол хоставу нахоста ба мӯҳтавои кор, ба сифати кор, ба тиражи рӯзномаҳо таъсир гузошт. Ҳоло умедворам, ки дар пушти ин қазияҳо, даъвоҳо як шаҳрванд бошад, ки барои ҳуқуқи худ муроҷиат кардааст, на ин ки аз додгоҳ ба унвони аҳроми фишор ба матбуот истифода шавад."

Дар зарфи ду ё се соли охир аксари нашрияҳои муҳими Тоҷикистон баҳсҳои додгоҳиро таҷриба карданд ва ё дар ҳоли ҳозир ҳам дар ҳоли посух гуфтан ба ин қазияҳо мебошанд. Даъвои Вазорати кишоварзӣ алайҳи "Миллат" ва тақозои 1 миллион сомонӣ, ки ҳанӯз давом дорад, даъвои 5 миллион сомонӣ товони се қозии додгоҳ аалйҳи "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" ва даъвои "Тоҷикстандарт" алайҳи "Пайкон" аз пуровозатарини ин баҳсҳо дар якуним соли охир аст.

Ахиран пас аз баҳсҳои зиёд бо мусоидати мақомоти сиёсӣ се додраси Додгоҳи олӣ аз даъвои худ алайҳи "Азия-Плюс", "Озодагон" ва "Фараж" гузаштанд. Баҳси муовини вазири корҳои дохилӣ Анвар Тағоймуродов бар алайҳи "Азия-Плюс" ва даъвои вакили собиқи Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров ва чандин қазияи дигар алайҳи нашрияҳо ва муаллифон дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад.

Инчунин, Муҳаммадюсуф Исмоилов, муаллифи нашрияи "Нури зиндагӣ" дар боздошт ба сар мебарад. Ӯ танҳо рӯзноманигори зиндонӣ дар Тоҷикистон аст. Чандин сол ба ин сӯ дигар журналистонро дар кӯчаҳои Душанбе намекушанд, вале даъво алайҳи матбуот ва рӯзноманигорон, ки таъсири равонии камтаре надорад, ба тамоюл табдил мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG