Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як фаъоли мухолифини ӯзбак дар Русия


Фуад Рустамхоҷаев зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷумбиши мардумии Ӯзбакистон дар Берлин. Маи 2011
Фуад Рустамхоҷаев зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷумбиши мардумии Ӯзбакистон дар Берлин. Маи 2011
Як соҳибкор ва намояндаи ҷумбиши мардумии Ӯзбакистон дар шаҳри ғарбии Ивановои Русия ба қатл расид. Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯяд, ки Фуад Рустамхоҷаев шоми шанбе дар наздикии манзили худ аз ҷониби афроди ношинос ба қатл расид. Муфаттишон, ки аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон мегӯянд, ки ҳамлагарон савори як такси ба маҳалли ҳодиса омада бо садои баланд ба забони ӯзбакӣ даъво карданд ва баъд ба сару қафаси синаи Рустамхоҷаев тир холӣ карданд. Рустамхоҷаев 38 сол дошта солҳои зиёд дар Русия зиндагиву кор карда соли 2005 шаҳрванди ин кишвар шудааст. Вай як узви фаъолия ҷумбиши мардумии Ӯзбакистон буад, дар анҷумани моҳи майи он дар Берлин иштирок кардааст. Зимни муроҷиаташ ба мардуми Ӯзбакистон дар нишасти Берлин вай аз ҳамватанонаш даъват карда буд, ки зидди диктотурӣ муттаҳид шаванд. Раиси ин ҷумбиш Муҳаммад Солеҳ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки моҳе пеш Рустамхоҷаевро афсарони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон таҳдид карда буданд, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашад. Ҷумбиши мардумии Ӯзбакистон маҷмӯи ташкилоти мухолифини Ӯзбакистон аст, ки дар хориҷ аз ин кишвар таъсис шуда зидди режими Ислом Каримов мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG