Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари ҲНИТ интихоби дигарбора ва бидуни алтернативаи худро табиӣ ва самимӣ унвон кард.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, қарори раёсати ҳизб дар бораи интихоби дигарбораи ӯ ба симмати раис бидуни тақаллубкорӣ ва бо аксариияти кулли орогирифта шудааст: «Дар гузашта мо интихоботҳои бо рақобат ва алтернативаро дидем. Аммо агар рақобат ҳаст бояд табии ва агар рақиб ҳам нест, интихоб бояд самимӣ бошад. Агар мо

мехостем демократиясозӣ ва зоҳирпарастӣ кунем, ҳатман чанд нафарро хоҳиш мекардем, ки номзадиашро пешниҳод кунад, то расонаҳои хабарӣ, коршиносон ва вакилони Анҷуман бубинанд, ки дар баробари раиси амалкунанда чанд номзади дигар ҳам ҳаст. Вале мутмаинан ин сохтакорӣ мебуд. Мо намехоҳем, ки ҲНИТ-ро гирифтори ин сохтакорӣ кунем».

Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба интиқодоте сӯҳбат мекард, ки иддае аз коршиносону сиёсатмадорон ва расонаҳо интихоби бидуни алтернативаи ӯро иштибоҳи сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хонданд ва шахсияти ӯро, минҳайси раҳбари матраҳтарин ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумат таҳти суол қарор доданд.

КАБИРӢ ТАЪЙИН ШУД Ё ИНТИХОБ?

Иддае аз коршиносон ҳам бар инанд, ки бо вуҷуди арзандагӣ ва ангуштнамоӣ дар миёни чеҳраҳои шинохтаи ҳизбаш, раҳбари ҲНИТ қабл аз ҳама худ интихобашро таҳти суол мегузорад.

Абдуазими Абдуваҳҳоб, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми интихоби нахустинаш сентябри соли 2006 ва ҳоло низ саҳми шахсияти худро дар интихоби аъзои ҳизб истисно мекунад: «Қаблан дар интихоби раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мегуфт, ки вакилон раъйи
Абдулазими Абдулваҳҳоб
худро ба устод Нурӣ доданд. Дирӯз дар анҷумани навбатӣ ба вакилон гуфт, ки шумо маро таъйин кардед. Аммо дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аъзои раёсати ҳизб ӯро интихоб кардаанд. Ба назар мерасад, дар ҳар ду интихобаш ҳам ҷаноби Кабирӣ на интихоб, балки таъйин шудааст».

Раёсати ҲНИТ ба Муҳиддин Кабирӣ соли 2006 бар пояи васият ва пас аз як моҳи даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҳизб расидааст. Дар ин миён ӯ ба яке аз раҳбарони матраҳ миёни аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт ва ба қавли коршиносон, ҳизб низ дуввумин созмони сиёсӣ ва эътирофшудаи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилал шуд.

ҲНИТ ВА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ СОЛИ 2010

Тибқи бархе манобеъ, ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2010 орои қобили мулоҳизаро ба даст овард, ки мӯҷиби нигарониҳои мақомоти кишвар аз тавсиаёбии нуфузи ҳизб дар ҷомиа низ шуд. Аксарият дар баробари эътирозҳои пинҳони ҷомиа аз сиёсатҳои ҳукумати феълӣ ва раванди

исломишавӣ, саҳми раҳбари ҳизбро низ дар боло рафтани обрӯи ҲНИТ дар ҷомиа махсус зикр мекунанд, аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз ин интихобот барои нотавониаш аз ҳимояти ин дастовардҳо низ интиқод шуд. Худи Кабирӣ мегӯяд, нигоҳ доштани ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии кишвар тайи чор соли ахир кори осоне набуд, зеро хатари аз миён рафтан ё бурдани он ҳамеша вуҷуд дошт ва дар марҳалаи оянда низ ин хатарҳо боқӣ хоҳанд монд.

КАБИРӢ ҲНИТ-РО БА КУҶО МЕБАРАД?

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ду маротиба ба чӣ навҳа интихоб шудани оқои Кабирӣ ба симмати раиси ҲНИТ ҳоло аҳамият надорад, зеро бархе шахсиятҳо дар аҳзоб истисноианд, аммо муҳим ин аст, ки дар ин давраи раёсаташ ӯ то куҷо дар мавқегириҳояш дар баробари ҳукумат ташдид мебахшад ва интизориҳои ҷомиаро бароварда мекунад.

Мирзомуҳаммадии Навид, аз аъзои дар гузашта аршади ҲНИТ, ки ахиран ин ҳизбро тарк кард, мегӯяд, ин марҳалаи буруз ва ё суқути шахсияти Муҳиддин Кабирӣ хоҳад буд: «Дар чор соли гузашта раиси ҲНИТ ба далели бетаҷрибагӣ худро ҳамон гуна, ки буд, ҳамон тавр дар арсаи сиёсат муаррифӣ кард. Акнун чор соли оянда барои шахсияти ӯ марҳалаи хеле ҷиддӣ аст, зеро акнун ӯ бояд собит кунад, ки оё дарвоқеъ лидер хоҳад буд, ё як
Мирзомуҳаммадӣ Навид

шахсияти оддӣ. Маҳз баъд аз чор сол маълум мешавад, ки ӯ боз рӯи саҳна мемонад ё роҳ барои дигарон боз мешавад».

Аммо чор соли оянда барои Кабирӣ марҳалаи соддаву осон нахоҳад буд. Соли 2013 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ ва соли 2015 интихоботи парлумонӣ баргузор мешаванд. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро коршиносон ягона номзади мухолиф дар муқобили номзади ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ унвон мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, шахсан хоҳиши ширкат дар ин сабқатро надорад, аммо то он замон боз ҳам раёсати ҳизбаш тасмим хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG