Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Ашфақ Парвиз Каёнӣ ба Лондон мутаваққиф шуд


Вазири дифои Бритониё гуфт, ки раҳбари артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ сафараш ба Лондонро бекор кард. Ин тасмим дар шароити афзоиши ихтилофҳои миёни Исломободу Вашингтон бар сари иттиҳомоти марбут ба даст доштани оҷонсии истихбороти Покистон дар ҳамлаҳо болои ҳадафҳои амрикоӣ дар Афғонистон гирифта шуд. Сабаби бекор шудани сафари генерали покистонӣ шарҳ дода намешавад. Гуфта мешуд, ки Каёнӣ бояд бо ҳамтои бритониёиаш Лиам Фокс дар чаҳорчӯби як мулоқоти хусусӣ вохӯрӣ кунад. Ҳафтаи гузашта низомии баландпояи амрикоӣ адмирал Майл Муллен Оҷонсии истихбороти Покистонро дар кӯмак ба шӯришиёни Афғонистон ва эҳтимоли даст доштани он дар ҳамла болои сафорати Амрико дар Кобул рӯзи 13 сентябр айбдор кард. Каёнӣ ин иттиҳомотро ҳамчун бепояву асос рад кардааст.
XS
SM
MD
LG