Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуҷум ба пойгоҳи охирини Қаззофӣ дар Либия


НАТО мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ чанд ҳадафи низомии зодгоҳи Муаммар Қаззофиро бомборон карда, нирӯҳои зиддиқаззофӣ ба дарунтари шаҳри Сирт ворид мешаванд. Нирӯҳои эътилоф мегӯянд, ки рӯзи якшанбе дар Сирт ҳашт ҳадафи марбут ба Қаззофӣ, аз ҷумла захирагоҳҳои аслиҳа ва мошинҳо, як мушакандоз ва дигар ҳадафҳоро бомборон карданд. Нирӯҳои зиддиқаззофӣ шаҳҳрро аз шарқу ҷанубу ғарб иҳота кардаанд. Ҳуҷуми нав ба охирин пойгоҳи Қаззофӣ дар ҳолест, ки ҳукумати нави Либия гуфтааст, як гӯри дастаҷамъиеро ошкор карданд, ки дар он ҷасади 1200 зиндонии аз ҷониби режим дар соли 1996 кушташударо ошкор кардаанд. Ин афрод эҳтимолан ширкатдорони эътирози зиддиҳукуматӣ буданд, ки бар зидди режими Қаззофӣ садо баланд карданд.
Дар таҳаввулоти дигар гуфта мешавад, ки ширкати азими нафтии Итолиё (ENI) баъди шаш моҳи таваққуф дубора тавлиди нафтро дар Либия ба роҳ мондааст.
XS
SM
MD
LG