Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи машқҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷиргатол


Ҷиргатол

Ҷиргатол

Дар шарқи Тоҷикистон дар наздикии марз бо Қирғизистон машқҳои дурӯзаи тактикии сохторҳои қудратии ду кишвар шурӯъ шуд. Ҳадаф аз он омӯзиши роҳҳои муассири муқобила бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ва террористӣ аст, ки гӯё вориди Афғонистон шудаанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, ки машқҳои низомӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Ҷиргатол, дар наздикии марз бо Қирғизистон мегузаранд. Дар ин машқҳо низомиёни вазорати дифоъ, вазорати корҳои изтирорӣ ва вазорати умури дохилаи ин кишварҳо иштирок мекунанд. Инчунин аз чархболу ҳавопаймоҳои бидуни халабон ва нақлиёти дигари низомӣ, ки тавони анҷоми корҳои иктишофиро доранд, истифода мешавад. Қарор аст фардо дар марҳилаи ниҳоии машқҳои низомӣ вазирони дифои ҳарду кишвар иштирок кунанд.
XS
SM
MD
LG