Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи мусобиқоти муштзанӣ дар Озарбойҷон дар пасманзари иттиҳоми ришвахорӣ


Дар пасманзари ҷанҷоли марбут ба пораи бисёрмиллиондолларӣ барои таъмини пирӯзии боксчиёни озарӣ дар бозиҳои олимпии соли 2012, дар Озарбойҷон имрӯз мусобиқаи ҷаҳонии муштзанӣ шурӯъ шуд. Камолиддин Ҳайдаров, вазири ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон ва ҳам раиси федератсияи бокси ин кишвар дар сӯҳбат бо матбуоти маҳаллӣ гуфт, ки иттиҳомоти телевизиони BBC роҷеъ ба порахӯрии масъулини мусобиқот дурӯғи маҳз аст. Гузориши таҳқиқотии BBC ҳокист, ки ба ташкилкунандагони бозиҳои ҷаҳонии бокс дар Анҷумани байналмилалии дӯстдорони бокс як шаҳрванди Озарбойҷон нӯҳ миллион доллар ришва додааст. Ин пул гӯё барои таъмини нишонҳои тиллоии бозиҳои олимпии соли оянда равона мешавад. Вале Ҳайдаров мегӯяд, ки хеле осон мешавад собит кард, ки ин иттиҳом бофтаву сохта аст.
XS
SM
MD
LG