Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯҳнавардони озодшуда мегӯянд, амрикоӣ буданашон сабаби азияташон дар Эрон шуд


Ду амрикоӣ, ки бо гуноҳи ҷосусӣ ду соли охирро дар зиндони Эрон сипарӣ карданд, баъди бозгашт ба ватан гуфтанд, ки иллати аслии боздошти онҳо амрикоӣ буданашон будааст. Онҳо мегӯянд, ки дар давоми ду соли дар зиндони Эвини Теҳрон буданашон садои фарёди боздоштшудаҳоро мешуниданд, ки мавриди шиканҷа қарор мегирифтанд.

Дар ин бора Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал дар як баёнияи муштарак дар Ню-Йорк изҳорот доданд. Онҳо ҳафтаи гузашта бар ивази як миллион доллар гаравпулӣ аз зиндон озод шуданд. Онҳо гуфтанд, “ваҳшонияти” режими Эронро бараъло эҳсос карданд. Бауэр гуфт:

“Мо намедонем, ки воқеан ҳам марзро убур кардем ё на ва шояд ҳеҷ вақт инро нафаҳмем. Ҳатто агар мо вориди хоки Эрон шуда бошем, ин баҳонаи мӯҳлати дуру дароз зиндонӣ кардани мо шуда наметавонад. Танҳо тавзеҳи боздошти тӯлонии мо душмании 32-солаи миёни Амрико ва Эрон буда метавонад”.

Озодии Фатталу Бауэрро мақомоти эронӣ чун як иқдоми башардӯстона шарҳ доданд. Ҳукумати Амрико ва ҳам ин ду кӯҳнавард аз оғоз пофишорӣ доранд, ки ҷосус нестанд.
XS
SM
MD
LG