Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми қотилони раиси бозори ҷамоати Сурхи Исфара содир шуд


Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи афроди муттаҳам ба куштори раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳомидҷон Каримов анҷом шуд. Додгоҳ ҳукм кард, ки ҳамаи ҳашт муттаҳам дар анҷоми ин ҷиноят айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати аз 5 то 25 соли зиндон маҳкум шуданд. Аз миёни онҳо, Мансур Каримҷонов барои куштор ва ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ мегӯяд, ки ҳанӯз се муттаҳами дигари ин ҷиноят дар озодӣ ба сар мебаранд. Ҳомидҷон Каримови 46-сола 30 августи порсол дар наздикии хонаи як хешаш ҳадафи куштор қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG