Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти сафорати ИМА дар Кобул дар робита бо тирандозии ахир


Сафорати Амрико дар Кобул мегӯяд, ки як коргари афғони ин намояндагии дипломатӣ дар ҳодисаи тирандозӣ дар сохтмони марбут ба сафортахона як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаро кушта дигареро маҷрӯҳ кардааст. Сухангӯи сафорат гуфт, ки дар ин ҳодисаи шаби шанбе ҳамлагар низ кушта шуд. Вай афзуд, ки иллати сар задани ҳодисаи тирандозӣ таҳқиқ мешавад. Бовар меравад, ки ин сохтмон марбут ба Оҷонсии марказии истихборот аст. Ду ҳафта пеш аз ин дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба сафорати Амрико дар Кобул 25 кас кушта шуд. Ҳафтаи гузашта раиси шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурхониддин Раббонӣ дар манзили худ қурбони як таркиши интиҳорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG