Пайвандҳои дастрасӣ

"33 сол нахӯреду напӯшед, то хона бихаред"


Яке аз манзилҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе

Яке аз манзилҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе

Ҳоло қиммати миёнаи як метри мураббаи манзил дар Душанбе аз 700 то якуним ҳазор доллар боло рафтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал дар кишвар соли равон барои аввалин бор ба 100 доллар расид. Бо ин маош як шаҳрванди муқаррарӣ танҳо дар 33 сол метавонад барои харидории хонаи якҳуҷрагӣ маблағи зарур ҷамъоварӣ кунад. Ба шарте, ки аз хӯрдану
Зербинои замони Шӯравӣ танҳо 10-15 соли дигар ба мардум хизмат мекунад ва баъдан аз истифода хориҷ мешавад...

пӯшидан комилан даст бикашад.

Вале масъулони ширкатҳои сохтмонӣ мегӯянд, нархи гарони хонаҳои навсохт дар Тоҷикистон ба қиммати баланди масолеҳи сохтмонӣ бастагӣ дорад, ки 80 дарсади он аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Бинобар ҳисоби мутахассисон аз се як ҳиссаи қиммати хонаи нав дар пӯшиши молиёти давлатӣ харҷ мешавад. Ҳукумат то ҳол барои пуштибонӣ аз ширкатҳои сохтмонӣ, ки асосан ба бунёди хонаҳои хусусӣ машғул ҳастанд, стратегияи мушаххас таҳия накардааст.

Бино бар пешгӯии мутахассисони байнулмилалӣ, бӯҳрони манзил дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик боз ҳам жарфтар хоҳад шуд. Зеро ба гуфтаи онҳо 98 дарсади сокинони шаҳрнишини кишвар дар сохтмонҳое зиндагӣ мекунанд, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бунёд шудаанд. Тибқи пажӯҳиши гурӯҳи обрӯманди бӯҳроншиносӣ зербинои замони Шӯравӣ, ки дар тӯли 20 сол аз таъмиру нигаҳдории зарӯрӣ дур мондааст, танҳо 10-15 соли дигар ба мардум хизмат мекунад ва баъдан аз истифода хориҷ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG