Пайвандҳои дастрасӣ

«Тайван Пауэр Компани» - барандаи Ҷоми раиси AFC


Лаҳзае аз бозии ниҳоӣ

Лаҳзае аз бозии ниҳоӣ

Дастаи «Тайван Пауэр Компани»-и Тайван барои бори аввал барандаи Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё гардид.

Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои «Тайван Пауэр Компани»-и Тайван ва «Пномпен Краун»-и Камбоҷа 25-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Гаосюни Тайван, ки 40 ҳазор ҷойгоҳ дорад, бо ҳузури беш аз 3200 тамошогар барпо гашт.

Бозии ҳалкунанда бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мизбонон – футболбозони Тайван ба анҷом расид. Ду голи дастаи ғолибро Минг-Чан Ҳе (дақиқаҳои 2-юм ва 47-ум) ва як голро По-Лианг Чен (67) ба ҳадаф расонданд.

Голҳои “Пномпен”-ро Мету Нҷоку Кингслей (дақиқаи 34-ум) ва Сованнритҳу Сун (82) заданд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ сардовар Марай Муҳаммад Ал- Аваҷӣ (Арабистони Саудӣ) ба чаҳор нафар корти сурх нишон дод. Дар дақиқаи 77-ум бозигари камбоҷагиҳо Ю-Лин Чен барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон хориҷ шуд.

Дар замони изофӣ (90+4) бозигарони “Пномпен” ба сардовар ҳамла карда, аз ӯ талаб намуданд, ки ба дарвозаи мизбонон ҷаримаи 11-метра таъйин кунад. Вале сардовар, ки вайрон шудани қоидаи бозиро мушоҳида накарда буд, се бозигари камбоҷагиҳоро аз майдон пеш намуд.

Пас аз ҳуштаки ниҳоии сардовар задухӯрд миёни бозигарони ҳарду даста ба вуқӯъ пайваст ва чанд муддат идома кард.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқот ба дастаи ғолиб - «Тайван Пауэр Компани» Ҷоми раиси AFC ва 50 ҳазор доллар супурда шуд. Дастаи «Пномпен Краун», ки дар бозии ниҳоӣ шикаст хӯрд, бо 25 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки барои бори аввал дар Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ширкат кард, дар сабқати гурӯҳи “А” бо як имтиёз дар мақоми охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Қаҳрамони Тоҷикистон дар даври аввал аз тими мизбон - “Тайван Пауэр Компани» бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд ва бозии дуввумашро бо дастаи “Балкан”-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) - 3:0
2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) - 2:1, дар замони изофӣ
2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) - 2:1
2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 1:1, аз рӯи пеналти - 4:3
2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 2:0
2010 (Янгон, Мянмар). «Яданарбон» (Мянмар) – «Дордой» - 1:0, дар замони изофӣ
2011 (Гаосюн, Тайван). “Тайван Пауэр Компани” (Тайван) - “Пномпен Краун” (Камбоҷа) – 3:2

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG