Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаққи раъй ва номзадии занон дар интихоботҳои Саудӣ


Шоҳи Арабистони Саудӣ эълом дошт, ки занони кишвараш соҳиби ҳаққи раъй ва ширкат дар интихобот хоҳанд шуд.

Дар як паём ба Шӯрои машварати кишвар Шоҳ Абдуллоҳ гуфт, иҷрои ин тарҳ аз соли 2013 шурӯъ мешавад. Шоҳи Арабистони Саудӣ эълом дошт, ки ҳукумат “дар ҳошия гузоштани нақши зан дар ҳаёти рӯзмарраи ҷомеаи Саудӣ дар чаҳорчӯби қонунҳои шариатро рад мекунад”.

“Дар ҷараёни машварат шӯрои уламо ва дигарон аз ин раванд истиқбол ва ҳимоят карданд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки аввалан, занон дар кори Шӯрои машварат ширкат кунанд ва сониян, битавонанд номзадии худро ба шӯроҳои маҳаллӣ пешбарӣ намоянд”-афзуд Шоҳ Абдуллоҳ.

Иқдоми инқилобӣ?

Шоҳ Абдуллоҳ
Фаъолони ҳуқуқи зан дар Арабистони Саудӣ солҳо ба ин сӯ ҳаққи райъдиҳӣ ва ширкат дар интихоботро талаб мекарданд. Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, дар ташреҳи ибтикори шоҳ Абдулло мегӯяд, “ӯ замони валиаҳд буданаш ҳамчун ислоҳотталабтарин шоҳзода маъруф буд. Мушовирони ӯ, аз ҷумла, Шайх Абдулазиз Тувейҷерӣ, аз шахсиятҳои рӯшанфикри Саудӣ маҳсуб мешуданд”.

Мусоҳиби мо меафзояд, замоне ки Абдулло ба подшоҳӣ расид, синнаш хело боло буд, вале бо вуҷуди ин ислоҳотро шурӯъ кард. Аммо мушкили Арабистони Саудӣ он аст, ки ҳукумат дар мувофиқа бо муассисаи динии ваҳҳобия таъсис шудааст. Ҳарду ҷониб - ҳам ҳукумат ва ҳам рӯҳониён вазоифе доранд, ки онҳоро бояд иҷро кунанд. “Бигирем, рӯҳониён дар баробари салафиҳои тундгаро ва Усома бин Лодин истоданд ва дар муқобил интизор доранд, ки ҳукумат ҳам ӯҳдадориҳои худро иҷро хоҳад кард”.

Аз нигоҳи Алиризо Нуризода, иқдоми ахири шоҳ Абдуллоро метавон воқеъан “инқилобӣ” номид, зеро розӣ кардани рӯҳониён ба он ки занон на фақат ҳаққи раъйдиҳӣ, балки ҳаққи интихоб шуданро ҳам дошта бошанд, саҳл нест. "Дуруст аст, ки Маҷлиси Шӯрои

Арабистон ҳанӯз маҷлиси интихобӣ нест ва аммо анҷуману маҷолиси маҳаллӣ интихобиянд ва занҳо метавонанд интихоб шаванд ва нақши умдатаре дар ҷомеа дошта бошанд",-мегӯяд мусоҳиби мо.

Занҳо ба зудӣ сари чанбари мошин намешинанд?

Аммо дар Арабистони Саудӣ, албатта, бо пойфишории рӯҳониёни аршад, ҳамоно мошин рондани занон ва саёҳати онҳо бе сарпарастии мард мамнӯъст. Оё метавон интизор шуд, ки бонуҳои Саудӣ ба зудӣ аз ин ҳуқуқҳои худ бархӯрдор мешаванд?

Алиризо Нуризода ба ин хушбин нест, зеро ба гуфтаи ӯ, ронандагии занон на ҷанбаи сиёсӣ, балки бештар ҷанбаи фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Занон хуб медонанд, ки ҳукумат омода аст ба онҳо ин ҳаққро ҳам бидиҳад ва аммо ин бофти суннати ҷомеаи Арабистон ва рӯҳониёни аршад ба ин мухолифанд.

Аммо, меафзояд ӯ, ба ҳар ҳол метавон умедвор буд, ки гомҳои навбатӣ дар арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои занони Арабистони Саудӣ – иҷозаи ронандагӣ ва бидуни сарпарастии мардҳо мусофират кардани онҳо хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG