Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Яман хостори интихоботи зудҳангом шуд


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман

Алӣ Абдулло Солеҳ эълом дошт, ки ба баргузории интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Яман мухолиф нест.

Дар нахустин суханронӣ аз тариқи телевизион баъди бозгашташ аз муолиҷаи семоҳа дар Арабистони Саудӣ, ӯ бори дигар такрор намуд, ки ибтикори Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс барои хатми бӯҳрон дар кишварро мепазирад.

Солеҳ гуфт, “мо дар бораи интиқоли мусолиматомези қудрат аз тариқи баргаҳои раъйдиҳӣ чандин бор гуфтем ва имрӯз бори дигар такрор мекунем, ки ба ибтикори Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ содиқем.”

Ба гуфтаи ӯ, ба ноиби раисиҷумҳур Обид Раббу Мансур Ҳодӣ ихтиёроте дода шудааст, ки имкон медиҳад бо мухолифин вориди муколама шавад ва санадҳоро имзо кунад.



Ахиран Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, ки ба он Баҳрайн, Қатар, Кувейт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Уммон ва Арабистони Саудӣ шомиланд, бори дигар аз Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ хост, то фавран пешниҳоди ин шӯро барои поён додан ба бӯҳрони Яманро имзо бикунад.

Бар пояи ин пешниҳод, Солеҳ тамоми ихтиёроти худро ба муовинаш таҳвил медиҳад ва онҳо заминаро барои баргузории интихобот ва ислоҳи қонуни асосӣ дар Яман фароҳам мекунанд.

СОЛЕҲ: "АГАР ҲИЗБИ МАН ДАР ҚУДРАТ БИМОНАД..."

Бори аввал ин Шӯро ҳанӯз моҳи апрел, баъди авҷ гирифтани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Яман, роҳи бурунрафти мусолиматомез аз бӯҳронро ба Алӣ Абдулло Солеҳ пешниҳод кард. Аммо Солеҳ он вақт дар посух ба ин пешниҳод гуфт, кафолати инро мехоҳад, ки ҳизби ӯ сари қудрат бимонад ва нафаре, ки баъди ӯ сари қудрат меояд, аз наздиконаш бошад.

Коршиносон мегуфтанд, ки баъди сӯиқасд ба ҷонаш Алӣ Абдулло Солеҳ бештар бо воқеият рӯбарӯ хоҳад шуд ва эҳтимол дорад, ки тарҳи Шӯрои ҳамкориҳои халиҷи Форсро бипазирад. Дар суханронии ахири телевизионӣ раисиҷумҳур ҳамчунин гуфт: “Ман ба ибтикори Шӯрои Халиҷ изофа мекунам, ки агар мо ба мувофиқа бирасем, интихоботи комил-ҳам раёсатҷумҳурӣ, ҳам парлумонӣ ва ҳам маҳаллиро доир хоҳем кард”.

Ва аммо гуфт, кай баргузор шудани ин маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботи раёсатҷумҳурӣ алҳол маълум нест.

ЯМАН ДАР ЛОБАЛОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ?

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар Яман, хоса, дар пойтахт шаҳри Санъо пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Баъд аз бозгашти раисиҷумҳур аз Арабистони Саудӣ, эътирозҳо густурдатар шуданд ва хатари ҷанги шаҳрвандӣ дар Яман афзуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар бархӯрди тазоҳуркунандагон бо артиш дар ҳафтаи гузашта, тақрибан 200 нафар кушта шудаанд. Танҳо дар Санъо рӯзи шанбе 40 нафар ба ҳалокат расидаанд.

ИМА аз рӯйдодҳои Яман шадидан изҳори нигаронӣ кард ва хостори истеъфои фаврии Алӣ Абдулло Солеҳ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG