Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаттал ва Бауэр: Моро барои амрикоӣ будан зиндонӣ карданд


Ҷош Фаттал ва Шейн Бауэр, ки баъди ду соли маҳбас ба ватан баргаштанд, мегӯянд, дар Эрон онҳоро фақат ба хотири шаҳрванди Амрико буданашон боздошт ва маҳкум ба зиндон карданд.

Моҳи август додгоҳи Эрон ин ду шаҳрванди амрикоиро ба ҳашт солии зиндон маҳкум кард ва аммо онҳо баъди пардохти як миллион гаравпулӣ раҳо карда шуданд. Ин маблағро бо хоҳиши Иёлоти Муттаҳида кишвари Уммон пардохт кардааст.

Ҷош Фаттал ва Шейн Бауэр дар нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк дар бораи лату кӯби зиндониҳо дар маҳбаси Эвини Теҳрон қисса карданд.

Се шаҳрванди Амрико – як хонум ва ду ҷавон моҳи июли соли 2009 аз сӯи нерӯҳои эронӣ баъди он боздошт шуданд, ки ба гуфтаи худашон, иштибоҳан аз Ироқ ва қаламрави Эрон ворид шуданд. Узви сеюми гурӯҳ - Сара Шӯрд низ як сол пеш баъди пардохти гаравпулӣ маҳбаси Теҳронро тарк карда буд.
XS
SM
MD
LG