Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чапгароҳо соҳиби курсиҳои бештари Сенат мешаванд?


Дар интихоботи миёнадавраӣ ба Сенат, маҷлиси болоии парлумони Фаронса, ҳизби чапгарои мухолифи ҳукумат пирӯз шудааст.

Ҳанӯз натоиҷи расмии раъйдиҳии рӯзи якшанбе эълон нашудааст ва аммо бар пояи ахбори муқаддамотӣ бори аввал дар 50 соли ахир нерӯҳои чапгаро, аз ҷумла, ҳизби сотсиалистӣ бештари курсиҳои Сенатро ишғол хоҳанд кард.

Онҳо дар маҷлиси болоии парлумон аз 24 то 26 курсии иловагиро соҳиб мешаванд.

Нозирон натоиҷи раъйидиҳиро чун бохти сиёсии раисиҷумҳур Николя Саркозӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG