Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амнияти СММ оид ба Фаластин машварат мекунад


Маҳмуд Аббос бо аризаи дархости эътирофи истиқлоли Фаластин

Маҳмуд Аббос бо аризаи дархости эътирофи истиқлоли Фаластин

Қарор аст, ки имрӯз дар Шӯрои амнияти СММ машваратҳо дар мавриди эътирофи истиқлоли давлати Фаластин шурӯъ шаванд.

ИМА қаблан эълом дошт, ки ба тарҳи қатъномаи эҳтимолӣ дар ин бора вето мегузорад. Ва аммо фаластиниҳо метавонанд ба Маҷмааи умумии СММ муроҷиат кунанд ва он бо раъйҳои бештари кишварҳои узв дар бораи истиқлоли Фаластин, бо каме маҳдудиятҳо ҳам бошад, тасмим бигирад.

Вазири умури хориҷии Исроил Авигдор Либерман ба Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки баррасии аризаи Фаластин метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Дирӯз ҳазорон сокинони шаҳри Рамаллоҳ, воқеъ дар Каронаи бохтарии руди Урдун аз раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос, ки рӯзи ҷумъа ба СММ ариза дар бораи эътирофи истиқлоли Фаластинро ироа кард, гарм истиқбол намуданд.
XS
SM
MD
LG