Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул Покистонро дар тирборон айбдор мекунад


Вазорати дифоъи Афғонистон нерӯҳои Покистони ҳамсояро дар тирборони қаламрави кишвар ва бар асари ин ба ҳалокат расидани чанд нафар айбдор кард.

Мақомоти Кобул ҳушдор доданд, ки агар ҳамлаҳо дар марз хатм нашаванд, аз чораҳои ҷавобӣ кор мегиранд.

Файзулло Воҳидӣ, волии вилояти Кунар, хабар дод, ки шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе сӯи ин минтақа тақрибан 500 мушаку гулула андохта шудааст, ки бар асари ин шаш манзил ва ду масҷид хароб ва садҳо нафар барои тарки манзилҳои худ маҷбур шуданд.

Вазорати дифоъи Покистон хабари тирборони қаламрави Афғонистонро рад кард ва аммо гуфт, ки дар марз миёни низомиёни кишвар ва мусаллаҳони афғон даргириҳо сурат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG