Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи гарми фаластиниҳо аз Маҳмуд Аббос


Ҳазорон нафар аз фаластиниҳо аз президент Маҳмуд Аббос, ки баъд аз тақдими аризаи таърихиии узвияти Фаластин дар Созмони Милал ба ватан баргашт истиқбол карданд. Издиҳоми бузурги мардум бо нидоҳои шодӣ ва афшондани парчами миллии Фаластин ӯро пешвоз гирифтанд. Аббос, ки аризаи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милалро рӯзи ҷумъа дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ба дабири кул супурд, ба гирдомадагон гуфт, ин оғози “баҳори фаластинӣ”-ст. Ин ишорае буд ба шӯришҳо дар Миср, Тунис ва ҷойҳои дигар. Пештар вазири умури хориҷии Исроил Авигдор Либерман гуфт, тасвиби аризаи фаластинҳо дар Созмони Милал “аксисадои шадид”-е хоҳад дошт. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Миср ва Испания дар Маҷмаи умумии Созмони Милал аз аризаи Фаластин пуштибонӣ карданд. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, аризаро вето хоҳад кард. Аммо ариза метавонад дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ҳимояти бештаре касб кунад. Дар ин ҷо ариза бо аксарияти раъйҳо пазируфта мешавад.
XS
SM
MD
LG