Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Агар Путин раисиҷумҳури Русия шавад...


Владимир ПУТИН
Владимир ПУТИН

Сиёсатшиносон мегӯянд, аз табодулаи байни Медведеву Путин муносиботи Маскаву Душанбе тағйир нахоҳад кард.

Ба ақидаи онҳо, бо вуҷуди он ки сиёсатҳои Русия дар баробари Тоҷикистонро раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев эълом медошт, тарроҳ ва иҷрокунандаи асосии онҳо Владимир Путин буд.
Хатти сиёсии Путин дар нисбати Тоҷикистон бисёр шадид хоҳад буд...

Маҳз Путин буд, ки дар соли 2004 бо Тоҷикистон созишномаҳои бузургҳаҷме ба имзо расонд ва маълум шуд, аксари кулли онҳо ба манфиати Русия буда, домани Душанбе бо чормағзи пучи ваъдаҳо пур шудааст.

Аз ҷумла, он вақт Путин ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Русия, тақрибан ройгон ба даст овардани маркази назорати кайҳонии “Окно” муваффақ шуда, ваъда карда буд, кишвараш дар бунёди нерӯгоҳи барқи “Роғун” ва як корхонаи дигари алюминиюм дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Аммо акнун мақомоти Русия мегӯянд, ин созишҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои хусусии шабеҳи "Русал"-и Олег Дерипаска имзо шуда буд ва ҳукумати Русия ба фаъолияти соҳибкорон дахолат карда наметавонад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00
Линки мустақим



Раҳматуллоҳ ВАЛИЕВ
Таҳлилгар Раҳматулло Валиев мегӯяд, ҳамин гуна як бозие, ки дар он танҳо ба дарвозаи Тоҷикистон гол зада мешавад, идома дорад. Ҷаноби Валиев бар ин аст, ки модоме Русия нафти худро дар қиёс бо Қирғизистон ба Тоҷикистон гаронтар мефурӯшад, ин чигунагии бархӯрди Путин ба Тоҷикистонро нишон медиҳад.

"То ҷашни истиқлол Русия қимати нафт, яъне маводи сӯхти худро ба Тоҷикистон боло бурд ва инҳо ҳама бо имзои Путин сурат гирифтанд. Ҳарчанд Медведев президенти Русия аст, вале инҳо бе машварати Путин амалӣ намешуданд. Ҳамин муносибатҳое, ки ҳоли ҳозир байни Душанбе ва Маскав ҳаст, ин муносибати сарварзири ин кишвар ба Тоҷикистон ҳам ҳаст",-илова кард ӯ.

Эмомалӣ РАҲМОН ва Дмитрий Медведев. Душанбе, 2 сентябри 2011

Вале муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, новобаста аз вуҷуди баъзе аз нофаҳмиҳо дар сиёсати байни ду кишвар, бо омадани Путин ба сари қудрат равобити Душанбеву Маскав ба таври ҳасана идома хоҳад
Сайфулло САФАРОВ

кард. Ба назари ҷаноби Сафаров, Путин, ки аслан фарди соҳаи қудратӣ мебошад, ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад муносбати кишвари худро дар кишваре, ки пойгоҳи низомӣ дорад, камранг кунад.

Сайфулло Сафаров мегӯяд: "Назари нек дорам. Муносибатҳои стратегии ду кишвар ба ҳадде наздик ҳастанд, ки худро шарики доимулвақти стратегӣ медонанд. Аз ин рӯ, бо омадани Путин ҳам муносибати неки ду кишвар ранги дигар нахоҳад гирифт ва ба манфиати ду ҷониб идома хоҳад кард."

Зоҳиран мулоқоти ахири Медведев ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гӯиё баъзе сӯитафоҳумро аз байн бурд. Президент Раҳмон ба тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон имкон дод ва Маскав ҳам гуфт, дар иваз на маблағ, балки таслиҳот хоҳад дод.

Вале аз тарафи дигар Тоҷикистон ҳайати 300-нафараи мушовирони марзбони Русия, ки дар ҷузъу томҳои сарҳадии Тоҷикистон дар хатти аввал фаъолият доштанд, ихтисор намуд ва Маскав боз ҳам аломат медиҳад, ки мехоҳад марзбононаш ба сарҳади байни
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ

Тоҷикистону Афғонистон баргарданд. Ин дар ҳолест, ки қарор аст, нерӯҳои Ғарб таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон тадриҷан хориҷ шаванд.

Дар чунин ҷаҳони дар ҳоли тағйир, ба ақидаи коршинос Парвиз Муллоҷонов, баъд аз соли 2012 Тоҷикистон мумкин аст бо Путини тағйирхӯрда рӯбарӯ шавад. Ҷаноби Муллоҷонов бо ишора ба изҳороти ахири Путин дар мавриди ҳаводиси кишварҳои араб мегӯяд, мумкин аст, Русия барномаи нави таҳкими нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ, Ховари миёнаву кишварҳои арабро рӯи даст гирад: "Русия талош дорад, ки як сиёсати фаъолонаи байнулмилалии худро дар самти ҷануб пеш барад. Аз ин рӯ, Русия кӯшиш мекунад мавқеъ ва ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Шӯравии пешин ва Осиёи марказӣ ҷиддитар кунад."

Давраи раҳбарии Медведев аз нигоҳи коршиносон як даврае шумурда мешавад, ки дар он дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як навъ либерализм ба мушоҳида мерасид ва аммо ин кишварҳо натавонистаанд, аз ин вижагии Медведев ба нафъи худ истифода кунанд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русияро аз ҳампаймонии сиёсӣ болотар гузоранд.

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ
Иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, бозгашти Путин унсури сиёсии ҳамкориҳои иқтисодиро тақвияти бештар хоҳад дод: "Путин як шахсияти амалӣ аст ва ҳамчун сиёсатмадори амалӣ муносибат мекунад, вале Медведев бархӯрдҳои романтикӣ дорад. Хатти сиёсии Путин дар нисбати Тоҷикистон бисёр шадид хоҳад буд ва ӯ бо Тоҷикистон аз дидгоҳи чигунагии муносибати Тоҷикистон бо Русия муносибат хоҳад кард."

Аз сӯҳбат бо коршиносони ба назар мерасад, ки бо омадани Путин ба сари қудрати Русия як ҳаракати динамик дар баданаи Русия дамида хоҳад шуд ва ба фарқ аз муносиботи камранги даврони Медведев, Маскав як бори дигар ҳамкориҳои худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон бознигарӣ хоҳад кард. Зеро Путин акнун ҳамчун нафари аввали воқеии Русия сӯҳбат ва амал хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG