Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сантос” дар Тоҷикистон нафт ва газ хоҳад ёфт


Ширкати нафти “Сантос”-и Австралия гуфтааст, мехоҳад, захираҳои нафту газ дар шимоли Тоҷикистонро таҳқиқ кунад ва омодааст, барои ин 11 миллиону 700 000 доллар харҷ намояд. Дар ин барнома ширкати австралӣ қарор аст, бо ширкати тоҷикию швейтсарии “Сомон Ойл” ҳамкорӣ кунад, ки иҷозаи ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистонро гирифтааст. Намояндаи ширкати “Сантос” мегӯяд, бо ҳукумати Тоҷикистон ба созиш расидааст, ки дар ҳоли дарёфт ва истихроҷи нафту газ дар шимоли Тоҷикистон даромади он байни ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон 50 ба 50 тақсим хоҳад шуд. Ҳаҷми захираҳо маълум нест, аммо дар ноҳияи Ашти вилояти суғди Тоҷикистон чанд захираи хурди нафт ва газ кашф шудааст.
XS
SM
MD
LG